Муҷозоти сармураббӣ ва футболбозон барои беодобӣ
Кумитаи одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷамолиддин Оев, сармураббии тими “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдатро барои дағалӣ нисбат ба доварон аз ҳаққи иштирок дар 8 мусобиқа маҳрум карда, 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бастааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, Ҷамолиддин Оев ҳангоми сабқат миёни дастаҳои “Ваҳдат” ва “Эсхата”-и Хуҷанд, ки 20 апрел баргузор шуд, нисбат ба доварон аз қувваи ҷисмонӣ истифода бурдааст.
Манбаъ мегӯяд, бо қарори Кумитаи назорату одоби ФФТ инчунин Бахтиёр Қаландаров бозигари дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои бо пой задани рақибаш аз тими Хуҷанд, аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.
Дафтари матбуотии ФФТ афзуд, Дилшод Расулов бозигари дастаи “Куктош”, Қимматшо Муминшоев бозигари “Панҷшер” ва Адҳам Муҳаммадамин аз ССКА “Помир” барои вайрон кардани қоида аз ҳаққи иштирк дар як бозӣ маҳрум гардиданд.