Боздошти ронандаи маст, ки пиёдагардро кушту фирор кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 22-солаи фирорӣ хабар додааст, ки дар ҳолати мастӣ марди 28-соларо бо мошинаш зер кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҳодиса 4-уми майи соли 2017, тахминан соати 19:30 дар роҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд рух додааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиелло”, марди 22-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти шаҳри Сарбанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди 28-солаи сокини шаҳри Сарбандро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи фирорӣ дар Қӯрғонтеппа боздошт гардид: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.