Раҳимӣ мухолифи роҳпаймоии “Полки безавол” баромад
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, мухолифи роҳпаймоии “Полки безавол” изҳорот додааст.
Раҳимӣ бо нашри як изҳорот дар “Ховар” зикр кардааст, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва тамоми барномаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузории кишвар баргузор гарданд.
Президенти Академияи илмҳо иброз доштааст, ки Иди Ғалаба дар Тоҷикистон ҳамасола бо иқдом ва дастурҳои бевоситаи раисиҷумҳур дар сатҳи баланд таҷлил мешавад: “Иштирокчиён ва шахсоне, ки дар ақибгоҳи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳисса гузоштаанд ва имрӯз дар қайди ҳаёт ҳастанд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, мақомоти маҳаллӣ дар маҳалҳо, вазорату идораҳо ва ташкилотҳо мунтазам қадрдонӣ мешаванд”.
Ӯ афзудааст, дар «Боғи Ғалаба» омодагӣ ба паради ҳарбӣ ҷараён дорад ва дар он ҷузъу томҳои Пойгоҳи низомии 201-уми Русия низ иштирок менамоянд: “Ин ҳама ба он равона шудаанд, ки Рӯзи Ғалаба дар хотираи таърихии мардум ҳифз карда шавад. Ман фикр мекунам, ки баргузории дигар аксияву чорабиниҳо ва тақсим кардани ҳар гуна варақаҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ки ба ҷашн бахшида мешаванд, хоси мо нест ва ба арзишҳои миллии мо ягон алоқамандӣ надоранд”.
Ин дар ҳолест, ки Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон имрӯз, 5 май зимни як ҳамоиш аз иҷоза надодани раҳпаймоии "Полки безавол" дар Душанбе, изҳори таассуф карда, гуфтааст, “Полки абадӣ” дар Русия, кишварҳои Аврупо ва Амрико баргузор мешавад. Номбурда афзудааст, ки чорабинии мазкур ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбият карда, аз қурбониёни зиёде, ки дар ҷанг дар роҳи озодии Ватан фавтидаанд, ёдоварӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Душанбе ба далоили амниятӣ барои роҳпаймоии “Полки безавол” дар пойтахт иҷозат надоданд.