Шӯрои уламо донишҷӯи порадеҳу омӯзгори порагирро “дӯзахӣ” хонд
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар шарҳи порадиҳии донишҷӯён ба омӯзгорон аз қавли Расули Худо (с) изҳор доштааст, ки “порадиҳанда ва порагиранда дар дӯзаханд”.
Шаҳром, як донишҷӯй корбари сомонаи Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки “дар донишгоҳ баъзе муаллимон барои мондани рейтинг маблағ талаб мекунанд, агар надиҳем, рейтингро намемонанд ва ҳамин тавр ба имтиҳон роҳ дода намешавем. Мо дигар илоҷе надорем, маҷбурем бидиҳем. Лутфан мегуфтед, ки мо бо ин кор, яъне пора додан чӣ қадар гуноҳ гирифтаем”.
Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки “аз нигоҳи шариат пора додан ва пора гирифтан амали гуноҳ маҳсуб мешавад. Чунонки Расули Худо (с) фармудаанд: “Порадиҳанда ва порагиранда дар дӯзаханд”. Агар шумо хоҳед, ки аз гуноҳи пора додан эмин бимонед, бояд вазифаи донишҷӯии худро содиқона ба чо оварда, дар дарсҳо мунтазам иштирок намоед ва ба санҷишу имтиҳонот комилан омода шавед, умед аст, ки бидуни пардохти маблағе комёб мешавед”.