Мақоми аввали тоҷикдухтар дар сабқати китобхонии Амороти арабӣ
Оминаи Муҳаммадрозиқ, тоҷикдухтари муқими Аморати Муттаҳидаи Араб дар як мусобиқаи сартосарии ин кишвар мақоми аввалро ба даст овардааст.
Ин хонандаи тоҷик, ки хатмкунандаи яке аз мактабҳои Аморати Аҷман ин кишвар мебошад, имсол дар мусобиқаи китобхонии сартосарии ин кишвар бо номи “Бо ҳам бихонем” аз миёни 180 ширкаткунандаи 54 мактаби ҳамагонӣ мақоми аввалро ба даст овардааст.
Соли гузашта ҳам Оминаи Муҳаммадрозиқ дар як мусобиқаи байналмилалии “Қироати арабӣ” бо сипосномаи Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум - ноиби раиси Давлат, раиси Шӯрои вазирони Аморот ва Ҳокими Дубай қадрдонӣ шуда буд.
Имсол “Ҷамъияти рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии аморати Аҷмон” ба Оминаи Муҳаммадрозиқ Сипосномае вижаеро барои пирӯзияш дар мусобиқаи сартосарии “Бо ҳам бихонем” дар соли таҳсили 2016-2017 тақдир карда, аз Худо барояш муваффақияту комёбӣ хостааст.
Хонаводаи Омина аз охири солҳои 90-уми қарни гузшта дар Амороти муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекунад. Падари Омина Муҳаммадрозиқ Неъматов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки фарзандаш дар бештар аз 20 озмуну сабқати хонандагон мақомҳои ифтихориро ба даст овардааст ва ҳоло, ки хонандаи синфи 12 мебошад, омодагии ҷидие барои шомил шудан ба донишгоҳро мегирад.