Милисаҳои вазнин сабукдӯш шуданд
Роҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 10 маъмури милисаро барои “фарбеҳӣ” аз кор озод кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ афроди барканоршуда натавонистаанд, давоми моҳҳои охир вазнашонро мувофиқи меъёр кунанд. Манбаъ афзуд, ки ба ҳудуди 100 маъмури милиса муҳлат дода шудааст, то вазнашонро кам кунанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аввали соли равон назорати вазни милисаҳоро дар кишвар тасдиқ карда, гуфт дар вазорат бояд қаду вазни кормандон аз рӯи талабот бошад.
Вазири умури дохилӣ таъкид кард, ки вақте милиса фарбеҳ мешавад, кораш суст мегардад ва ин назорат карда мешавад: “Дар мавриди фарбеҳӣ ҷадвали байналмилалӣ аст ва ин талабот хоси Тоҷикистон набуда, дар дигар кишварҳо низ ҳаст”.