Ховар: “Полки безавол” хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад
Хабаргузории давлатии “Ховар” ба хабарҳо дар мавриди иҷозат надодан ба “Полки безавол” вокуниш кардааст.
Ин пойгоҳи хабарӣ бо нашри як изҳорот гуфтааст, чунин иқдомҳо хилофи арзишҳои мазҳабии мо мебошанд: “Мувофиқи суннатҳои исломӣ низ бо акси фавтидагон баромадан ба кӯчаю хиёбонҳо нораво буда, аксияи мазкур хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад”.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин идома доштани ҷанг дар мавзеъҳои наздики сарҳади Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имкон намедиҳад, ки аксияҳои иловагӣ баргузор шаванд.
Қаблан, эълон шуд, ки мақомоти шаҳри Душанбе бо далоили амниятӣ барои роҳпаймоии “Полки безавол”, ки қарор буд 9 май баргузор шавад, иҷозат надодаст. Ба дунбол, Михаил Вождаев, раҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон аз шаҳрдории Душанбе хост, барои ин роҳпаймоӣ иҷозат бидиҳад. Вождаев 4 май зимни баргузории ҳафтаи “Поси хотир” дар назди муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Александр Мироненко дар Душанбе гуфт, ҳоло вақт ҳаст, то иҷоза барои роҳпаймоӣ дода шавад: “Ман аз ин минбар ба шаҳрдорӣ муроҷиат менамоям, ки ҳоло вақт ҳаст, иҷоза диҳед, дар баробари маросими расмӣ, мардум бо аксҳо бароянд, бигзор роҳпаймоӣ 8 май ва ё баъди гузаронидани чорабиниҳои расмӣ баргузор шавад”.
Роҳпаймоии “Полки безавол” ҳамасола 9-уми май дар Рӯзи Ғалаба дар бархе аз кишварҳои шӯравӣ, аз ҷумла Русия баргузор мешавад. Дар ин маърака шаҳрвандон бо бардоштани акси наздиконашон, ки дар ҷанги бузурги ватанӣ иштирок кардаанд, роҳпаймоӣ мекунанд.
Дар изҳороти “Ховар” омадааст, дар ҳар кишвар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ дар чаҳорчӯбаи қонунгузории амалкунандаи ҳамон давлат доир карда мешавад. Нақшаи чорабиниҳо ва сенарияи баргузории паради ҳарбӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ шуда, доир ба аксияи “Полки безавол “иқдоме сурат нагирифта буд: “Он ташаббуси иттиҳодияҳои алоҳидаи ғайриҳукуматӣ мебошад”.
Дар идома таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 449 иштирокчӣ ва маъюбони ҶБВ боқӣ мондаанд, ки “аксари онҳо маълулу барҷомонда ва ниҳоят пиру хастаҳол шудаанд. Баровардани ветеранҳои ҶБВ ба кӯчаҳо ва ташкил кардани вохӯриҳо бо онҳо ғайриимкон мебошад”.