Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон мавқеашро ҳифз кард
Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 4 май нашр шуд, мавқеашро тағйир надодааст.
Мунтахаби футболи кишвар, ки давоми моҳи ахир ҳеч бозии расмие анҷом надод, мисли моҳи сипаришуда бо 205 имтиёз зинаи 138-ро муаррифӣ мекунад.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пасошуравӣ Узбакистон пештоз аст. Ин кишвар дар ҷойи 60-ум қарор дорад. Қазоқистон дар зинаи 104, Қирғизистон 128 ва Туркманистон дар зинаи 140–уманд.
Мунтахаби Бразилия дар феҳристи нави ФИФА бо 1672 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Аргентина (1603 имтиёз) дар ҷойи дувум ва Олмон (1464 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд. Чили, Колумбия, Фаронса,Белгия, Португалия, Швейтсария ва Испания шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.
Бозии расмии тими миллии кишвар 13 июн дар доираи даври дуюми мусобиқоти Ҷоми Осиё-2019 бо яккачини Флиппин дар Душанбе баргузор хоҳад гашт.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.