Беш аз 225 миллион доллари Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии НБО “Норак”
Тоҷикистон барои таҷдиду бозсозии неругоҳи барқи обии “Норак” 225,7 миллион доллари амрикоӣ дарёфт кардааст. Ин маблағро Бонки ҷаҳонӣ ихтисос дода.
Дар иттилоияи ин ниҳоди молӣ гуфта мешавад, маблағи мазкур аз ҳисоби Анҷумани байналмилалии рушди Бонки ҷаҳонӣ ҷудо гардида, дар сурати азнавсозии он мардум ва корхонаҳои Тоҷикистон ба неруи барқи бештар дастрасӣ пайдо мекунанд.
Дар иттилоия омадааст, чаҳоряки ин маблағ грант ва аз чор се ҳиссаи он, қарз мебошад. Ба иттилои манбаъ, бар иловаи маблағгузории Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Бонки ҷаҳонӣ, инчунин маблағҳои иловагӣ дар ҳаҷми 60 миллион доллар аз ҷониби Бонки Осиёгии сармоягузориҳои зербиноӣ, 40 миллион доллар аз ҷониби Бонки рушди АвруОсиё ва 24 миллион доллар аз манбаъҳои дигар ҳамчун кумак дар назар гирифта шудааст.
Моҳи январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сирил Мюллер, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқот намуд ва дар он дидор масъалаи таҷдиду барқарорсозии НБО “Норак” ва дарёфти маблағҳои иловагӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур ба баррасӣ гирифта шуд.
Беш аз 70 дарсади неруи барқи кишвар ҳоло аз ҳисоби неругоҳи барқи обии “Норак” таъмин мегардад.