Лахшро боз як заминларзаи 4 баллӣ такон дод
Нимашаби 4 май дар Тоҷикистон боз як заминларза ба қайд расидааст.
Бино ба иттилои институти сейсмологии кишвар ин заминларза соати 01:03 ба вуқӯъ пайваста ва маркази он 263 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе будааст: “Нерӯи заминларза дар маркази он 5 балл, ноҳияи Лахш 4 ва шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод”.
Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, дар пайи ин ҳодиса феълан талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Рӯзи гузашта низ замини Тоҷикистонро зилзилаи сахте такон дода буд. Бино ба иттилои Марказҳои зилзилашиносӣ, 3 май дар ноҳияи Рашт дар як дақиқа ду заминларза ба вуқӯъ пайвастааст. манбаъ, иқтидори якеро дар марказ 5,9 бал ва дигариро 4,6 бал нишон дод.
Тибқи иттилои маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ҷунбиши замин дар шаҳри Душанбе дар ҳар ду ҳолат ба 3 бал баробар будааст. Расонаҳои минтақаӣ навиштаанд, ки заминларзаҳои мазкур дар қаламрави Қирғизистон ва Узбакистон низ эҳсос шудаанд.
Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то ҳол аз харобшавии ду хона дар ноҳияи Лахш иттилоъ ворид шудааст.