23 сол ҳукми зиндони марде, ки ҳамсарашро бо табар кушт
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми як муттаҳам дар қатли ҳамсарашро содир кардааст.
Шарипов М.Д. бар пояи моддаи 104 қ. 2, банди “е”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 23 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон субҳи рӯзи 11 январи соли равон Шарипов барои бидуни иҷоза ба хонаи волидонаш рафтани ҳамсараш Саидова М.М. бо ӯ ҷанҷол мекунад: “Шарипов М.Д. дар ғазаб шуда, аз фарши ошхона табарро, ки барои иҷрои корҳои хоҷагидорӣ нигоҳ дошта мешуд, гирифта, бо дасти чапаш аз гиребони Саидова М.М. сахт дошта, бо дасти росташ бо табар бо бераҳмии махсус якчанд маротиба ба қисматҳои гуногуни сари завҷааш задааст”.
Дар пайи ин ҳодиса, Саидова М.М. дар ҷойи ҳодиса вафот кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Шарипов ва Саидова охирҳои моҳи декабри соли 2005 хонадор шуда ва соҳиби се фарзанд будаанд.