Рустами Эмомалӣ: Ҳар шоми шанбе консерт шавад
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе, қарор кардааст, ки моҳҳои май ва июн бахшида ба Соли ҷавонон дар Майдони «800-солагии Москва»-и пойтахт консертҳо баргузор карда шаванд.
Тибқи ҷадвали консертҳо, ки Рустами Эмомалӣ тасдиқ кардааст, моҳҳои май ва июн 8 консерт дар назар буда, мақомоти умури дохилӣ ва амният муваззаф шудаанд, ки тартиботро таъмин намоянд.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, Консерваторияи миллии Тоҷикистон рӯзи 6-уми май, ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола» 13-уми май, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ 20-уми май, дастаҳои ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе 27-уми май, Иттиҳодияи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» 3-юми июн, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ 10-уми июн, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев 17-уми июн ва Ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 24-уми июн консерт баргузор мекунад.
Манбаъ афзуд, ҳамаи консертҳо аз соати 18:30 то 20:00 дар Майдони «800-солагии Москва» барпо мегарданд.
Акс аз бойгонӣ