+6. Теъдоди ташкилотҳои қарзии фаъолияташ қатъшуда афзуд
Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти боз 6 ташкилоти хурди қарзӣ дар кишвар иттилоъ дод.
Бино ба иттилои торномаи расмии ин ниҳод, фаъолияти муассисаҳои қарзии хурди “Асрина” ва “Армон” рӯзи 1 май дар пайи пешниҳоди ариза аз сӯи масъулинашон қатъ шудааст. Ба иттилои манбаъ, бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 26-и қонун “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 6, 10, 12-и қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаҳои ҶСП ТАҚХ “Самар”, ҶСП ТАҚХ “Вориси замон”, ҶСП ТАҚХ “Амлок” ва ҶСП ТАҚХ “Нисор Фом” бозхонд шуда, фаъолияти онҳо бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ қатъ шудаанд.
“Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд”,-гуфта мешавад дар иттилоияи Бонки миллӣ.
Давоми ду соли ахир дар Тоҷикистон фаъолияти даҳҳо ташкилоти қарзӣ бо далелҳои мухталиф қатъ шудаанд.