Бархе созмонҳои байналмилалӣ, ки ба омӯзиши вазъи озодии баён ва ҳимояи ҳуқуқи инсон машғуланд, борҳо аз маҳдуд гардидани озодии баён дар Тоҷикистон гузориш додаанд. Дар ин гузоришҳо гуфта мешавад, ки вазъ сол то сол бадтар мешавад. Дар гузоришҳои имсола Тоҷикистон дар қатори “кишварҳои ноозод” қарор гирифт. Бо таваҷҷуҳ ба ин хабарнигори “Озодагон” дар Рӯзи байналмилалии озодии баён аз соҳибназарону коршиносон пурсид: ДУРНАМОИ ОЗОДИИ БАЁН ДАР ТОҶИКИСТОН ЧИСТ?
Абдумалик ҚОДИРОВ, таҳлилгар
Вазъи озодии баён, мисли ҳама дигар озодиҳо ба вазъи умумии сиёсии кишвар бастагӣ дорад. Яъне, агар кишвар сиёсати дохилиашро сӯйи авторитаризм равон мекунад, пас озодиҳо маҳдуд мешаванд. Тоҷикистон дорад сӯйи яккаҳокимиятӣ меравад, пас мо бояд интизор шавем, ки озодиҳо рӯз ба рӯз маҳдуд хоҳанд шуд, аз ҷумла озодии баён. Намешавад, ки дар кишвари орӣ аз озодиҳои бунёдӣ, озодии баён вуҷуд дошта бошад. Баъдан, сиёсати дохилии Тоҷикистон хеле бастагӣ дорад ба сиёсатҳои “шарикони стратегиаш”. Русия, ки аз муҳимтарин шарикони стратегии мост, ба ҷониби низоми авторитарӣ тамоюл дорад. Чин аз шарикони дигари стратегии мо маҳсуб мешавад (ҳарчанд дар ин бора баланд садо намекунем), маъмулан ба озодиҳои бунёдӣ он қадар эҳтиром надорад. Пас мо чаро аз ин раванд ақиб монем?
Мухтор БОҚИЗОДА, коршиноси соҳа
Ман аслан дар ин раванд дурнаморо намебинам. Озодии баён рӯз то рӯз дорад рӯ ба таназул меорад. Ва шояд вазъи ноороми сайёра ва ҳаводиси мубрам сабаб мегардад, ки бо ҳар баҳонае рӯзноманигори тоҷик зери фишорҳо қарор бигирад. Аз ин рӯ маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон аз буда бештар мегардад.
Ҷовид МУҚИМ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дурнамои озодии баён аз вазъи амниятию сиёсии кишвар вобата аст ва инро ҳеч кас пешгӯӣ карда наметавонад. Худсонсурӣ дар воситаҳои ахбори омма аз ҳар вақти дигар бештар шудааст. Моддаи 30-и Сарқонуни Тоҷикистон озодии баёнро кафолат медиҳад ва касе барои навиштаҳояш таъқиб карда намешавад. Худи журналистон аз навиштан ҳарос доранд. Худсонсурӣ мекунед, ҳама аз навиштан метарсанд.
Шариф МУЛЛОЕВ, мудири кафедраи матбуот ва пиари Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия
Ибораи “озодии баён” миёнаи солҳои 80-ум пайдо шуд. Фикр мекунам озодии баён ин ҳуқуқи донистани ҳама чизе ки дар кишвар ва ҷаҳон содир мегардад, ин ҳуқуқи ҳақиқатро натарсида шунидан ва гуфтан мањсуб меёбад. Ба озодии баён, ба озодандешии сиёсӣ (плюрализм) муддати дароз, ҳатто имрӯз монеае нест. Дар замони муосир дар Тоҷикистон ба нашри рӯзнома ва маҷалла на танҳо ташкилотҳои давлатӣ, балки ҳизбҳои гуногун ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кооперативҳо ва шахсони алоҳида ҳуқуқ пайдо кардаанд. Ба пастии маданияти сиёсӣ, ба маҳорати касбӣ нигоҳ накарда, ВАО фаъолияти назаррасе дорад. Яке аз хусусияти муҳими воситаҳои ахбори оммаи муосир ин иштироки фаъоли онҳо дар эҳёи миллӣ маҳсуб ёфта, афзуншавии мавод дар атрофи ин мавзӯъ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷалла, радио, телевизион, баҳсҳо дар атрофи таърихи ниёгон, муносибатҳои байналхалқӣ, масъалаҳои истиқлолият ва ғайра, аз мухторияту истиқлолияти ВАО шаҳодат медиҳад.
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, роҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон
Дурнамои озодии баён дар Тоҷикистон хуб нест, зеро омилҳои зиёди иқтисодию сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ солҳои охир домангири расонаҳои мустақил ҳастанд. Агар Ҳукумати Тоҷикистон як барномаи мушаххас барои муҳайё намудани шароити мусоиди рушди плюрализм дар ҷомеа ва кӯмаки молӣ ба расонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон рӯйи даст нагирад, аз миён рафтани расонаҳои мустақил - ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахбор эҳтимол дорад.
Саъдӣ МАҲДӢ, декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Озодӣ чизи нисбист. Озодии мутлақ дар ҳеч ҷо вуҷуд надорад. Озодӣ дар доираи қоидаву қонунҳо фаҳмида мешавад. Дурнамои озодии баён дар доираи чорчӯбаи қонун нек аст. Зеро мо беҳтарин Сарқонун дорем, ки озодии инсонро кафолат медиҳад. Баъзе арзишҳое ҳастанд, ки намешавад онҳоро ба хотири озодандешии фардӣ қурбон кард. Мисли Давлат, Миллат, Забон, Қонун. Инҳо болотар аз ҳама гуна афкори дигаранд. Таҷрибаи давлатҳои дигар инро нишон дода истодааст ва медиҳад. Мо солҳои 90-ум хело даст бар сина куфта озодӣ гуфтем, ҳатто майдони Озодиро хаймаборон карда, як ҷои муқимии озодхоҳон кардем, ки натиҷаашро дидем. Барои ҳамин, дар навбати аввал дар доираи қонун зистан ва муҳофизати Давлату Миллат. Ин аст дурнамои озодии баёни ҳар шаҳрванд.
Қаҳрамон БАҚОЗОДА, раиси Маркази таҳқиқотии “Зеркало”
Вазъият пӯшида нест. Намояндагони сохторҳои давлатӣ борҳо таъкид кардаанд, ки ҷомеаи мо барои озодии сухан тайёр нест ва бояд дар ин масъала эҳтиёткорона рафтор кард. Вале ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд оқилона ва бо назардошти вазъи ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ муколама ташкил карда, барои беҳтар кардани вазъият ҳаракат намояд.