Рӯдакӣ: Марди 64-сола зери қатор монд
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, шаби 30-юми апрел қатор дар роҳи оҳани Ваҳдат- Душанбе марди 64-соларо зер кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ронандаи 32-солаи тепловози № ТЭМ2 тахминан соати 19:50 ҳангоми ҳаракат бо роҳи оҳани “Ваҳдат-Душанбе”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мавлавии ноҳияи Рӯдакӣ сокини 64-солаи ҳамин ноҳияро, ки аз хати роҳи оҳан мегузашт, зер намудааст: “Дар натиҷа ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.