Заминҷунбиҳо дар Рашт хонаҳоро хароб кард
Марказҳои зилзилашиносӣ соати 9:47-и имрӯз, 3-юми май дар минтақаи Рашти Тоҷикистон ду заминларза дар як дақиқаро сабт кардаанд, ки иқтидори якеаш дар марказ 5,9 бал ва дигар 4,6 балро ташкил додааст.
Тибқи иттилои маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ҷунбиши замин дар шаҳри Душанбе дар ҳар ду ҳолат ба 3 бал баробар будааст. Расонаҳои минтақаӣ навиштаанд, ки заминларзаҳои мазкур дар қаламрави Қирғизистон ва Узбакистон низ эҳсос шудаанд.
Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то ҳол аз харобшавии ду хона дар ноҳияи Лахш иттилоъ ворид шудааст. Ба гуфтаи ӯ талафоти ҷонӣ сабт нагардидааст ва иттилоъ дар бораи хисороти моддӣ дақиқ хоҳад шуд.