Савганд барои ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ҳатмӣ шуд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули иловаҳо ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” савгандро барои ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ҳатмӣ кард.
Иброҳим Абдуллозода, вакили парлумони Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳа гуфт, савганд масъулияти хизматчиёни давлатиро бештар мекунад.
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз ин тағйирот истиқбол карда, афзуд, хизматчиёни давлатӣ бояд барои садоқат ба Ватан ва халқу миллат савганд ёд кунанд. Ба гуфтаи Исмонов “вақте Пешвои Миллат баъди интихоб шуданаш савганд ёд мекунад, хизматчиёни дигари давлатӣ низ бояд пайрави Пешво шуда, савганд ёд кунанд”.
Қаблан парлумони Тоҷикистон бо қабули қонун савгандёдкунӣ барои аъзои ҳукуматро ҳатмӣ карда буд.