Санаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Душанбе дақиқ шуд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон санаи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар шаҳри Душанберо эълон кард.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, ин чорабинӣ аз 9 то 13 майи соли ҷорӣ доир хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, дар рӯзҳои фарҳангӣ ҳунарпешаҳои маъруфи кишвари ҳамсоя, амсоли Ғуломҷон Ёқубов, Севинч Мӯъминова, Маҳмуд Намозов ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси “Ӯзбекистон” вориди пойтахти Тоҷикистон мешаванд.
Вазорати фарҳанг ҳадафи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Узбакистонро тақвияти рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар унвон карда мегӯяд, дар доираи ин чорабинӣ барномаҳои ҳунарӣ, Рӯзҳои кинои Узбакистон ва намоиши аккосии Узбакистон доир мегардад. Ба иттилои манбаъ, 10 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дар назар аст: “Худи ҳамон рӯз дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон “Зебунисо” Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбакистон бо намоиши филми ҳунарии “Ота” (Падар) оғоз меёбад”.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон шоми 10 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз меёбад. 11 май сафари меҳмонони ҳамсоякишвар ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар назар аст: “Ин рӯз барномаи консертии ҳунарпешаҳои Ҷумҳурии Узбакистон барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Қӯрғонтеппа манзур мегардад”.
Маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳангӣ 12 майи соли 2017 (соати 18:00) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор хоҳад шуд.