Президент: Додихудо Саймиддинов воқеан доди Худо буд (АКС)
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 2-юми май дар маросими видоъ бо Додихудо Саймиддинов, забоншиноси маъруфи тоҷик дар Душанбе гуфт, Додихудо воқеан доди Худо барои миллат буд.
Раҳимӣ изҳор дошт, ки Саймиддинов беш аз 100 асари илмӣ офарида, 20 шогирдро дар роҳи илм роҳнамоӣ кардааст.
Дар маросими видоъ бо Додихудо Саймиддинов Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президент дар бахши иртибот бо ҷомеа, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон, шоирону нависандагон, академикҳо, вакилони парлумон ва масъулини ҳукумат иштирок доштанд. Марҳум дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт ба хок супорида шуд.
Дили Додихудо Саймиддинов нимашаби 2 май аз задан монд.
Додихудо Саймиддинов соли 1949 ба дунё омада, фориғутаҳсили Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дар соли 1973 мебошад. Ӯ доктори улуми филологӣ (соли 1999), Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001) ва Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Эрон буданд.
Солҳои 2000-2005 раҳбари Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт, 2005-2009 вакили Маҷлиси намояндагон, 2009-2013 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2013 бознишаста шуд.
Бо ордени "Шараф" дараҷаи II сарфароз гардидааст.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ГУРУҲИ РАСОНАҲОИ "ОЗОДАГОН" БА НАЗДИКОНИ МАРҲУМ САБРИ ҶАМИЛ МЕХОҲАНД. ХУДОВАНД ӮРО РАҲМАТУ МАҒФИРАТ КУНАД.