Даргузашти нахустин қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон
Юрий Терентович Лобанов, нахустин қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон дар синни 65-солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашт.
Лобанов соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, аз овони наврасӣ ба каноэронӣ шавқ доштааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон буда, дар ҷамъияти варзишии "Тоҷикистон” тамрин мекардааст.
Лобанов ва Владас Чесюнкас соли 1972 дар олимпиадаи Мюнхен бо қаиқ масофаи 1000 метрро дар 3 дақиқаю 52.6 сония тай карда, медали тиллоро ба даст овардаанд. Ӯ дар олимпиадаи соли 1980-уми Маскав соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Лобанов дар каноэронӣ ба масофаҳои аз 1 то 10 ҳазор метр 8 бор қаҳрамони ҷаҳон шуда, дуборӣ соҳиби медали нуқра ва биринҷӣ гардидааст.