«Футболи бидуни сиёсат», гуфт Фурсенко ва афзуд, мо таҳаммулпазир ҳастем, тамоми футболбозон ва мухлисонро хайрамақдам мегӯем, аммо дар сафҳои худ миллатгароёнро ҳаргиз ҷой нахоҳем дод. Рӯҳияи ғолибият набояд ба миллатгароӣ мубаддал гардад. Шиори навбатии мо «Гуногуниро эҳтиром намо», «Миллатҳо бисёранд ва аммо футбол якто» бояд бошад, хулоса кард Серегей Фурсенко.
Ин ҳаракати тозатаъсис дар пайи чанд бетартибиҳое, ки асосан за сӯи миллатгароёни зери ниқоби мухлисони дастаи «Спатак»-и Маскав сурат гирифта, бар асари он миқдори зиёди мухлисон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, курсиҳои нишастро ба майдонҳо рехта буданд, рӯи кор омадааст.
Дар ин созмон чеҳраҳои шинохта ба мисли Валерий Газаев, президенти дастаи футболи «Алания», ректори ДДМ ба номи Ломаносов Сергей Садовничий ва дигар чеҳраҳои саршиноси фарҳангу идм ва ходимони ҷамъиятӣ гирди ҳам омадаанд.