Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Пардохт.Тҷ”-ро 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баст
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҶДММ “Пардохт.Тҷ”-ро, ки ба хизматрасонии терминалҳо машғул аст, 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Ин ширкат дар “пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ” муҷрим шинохта шудааст. Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо барои қабули маблағ набояд фоиз гирифта шавад. Ба иттилои манбаъ, “Пардохт. Тҷ” 20 феврал унвонии Хадамоти зиддинҳисорӣ маълумот пешниҳод намуда, гуфтааст, дигар аз муштариёни симкортҳои мобилӣ фоиз ситонида намешавад: “Дар санаи 3 апрели соли 2017 ҳангоми пардохти маблағҳои 1,0 сомонӣ ва 5,0 сомонӣ ба тавозуни рақами телефони алоқаи мобилӣ тавассути терминалҳои ҷамъияти номбурда №736029, №736030, ки дар дохили толори фурудгоҳи шаҳри Душанбе насб гардидаанд, аз маблағи умумии пардохтгардида 3 фоиз маблағ ситонида шуд, қи маълумоти пешниҳоднамудаи ҷамъият ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ носаҳеҳ буда, талаботи моддаи 553 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон гардидааст”.
Охирҳои моҳи феврали соли равон низ Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон эълон кард, дар пайи таҳлили хизматрасонии терминалҳо муайян намуд, ки бархе ширкатҳо муқаррароти қарори ҳукуматро дар мавриди наситонидани фоиз ҳангоми пур кардани тавозун риоят намекунанд.