Муроҷиатномаи модарон аз Рушон ба Президент: 17 сарбозро аз даст додем
Як гуруҳ модарон дар пайи ҳалокати сержант Эҳсон Илчибеков, зодаи ноҳияи Рушон дар шаҳри Душанбе хостори таъмини тартибот дар қисмҳои низомии кишвар гардиданд.
Дар муроҷиатномаи модарон аз ноҳияи Рӯшон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки нусхаи он дастраси "Озодагон" шуд, омадааст, ки аз соли 1993 то ҳол дар қисмҳои низомии кишвар дар пайи бемасъулиятию бенизомиҳои роҳбаронашон танҳо аз ноҳияи Рӯшон 17 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Модарон аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нангин ва таъмини боварии мардум мақомоти ҳарбиро муваззаф кунад, то вазъи тамоми қисмҳои ҳарбии ҷумҳуриро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, бо истифода аз шеваҳои нави тарбиявӣ корҳои ташвиқотиро вусъат бахшанд ва ба тарзи маишати сарбозон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Дар муроҷиатнома аз шеваҳои кори бархе ҳукуматҳои маҳаллӣ интиқод шудааст, ки ба ивази хидмати ҳарбӣ ба довталабон ваъдаҳои гуногун аз ҷумла замин барои бунёди манзил ваъда медиҳанд: “Шеваҳои навбофтаи мақомоти ҳукуматӣ ва комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои даъвати сарбозон ба сафи Артиши миллӣ аз қабили ваъдаи «хонаҷой ба ивази сарбозӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ ба ивази сарбозӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидан барои майдаавбошӣ ба ивази сарбозӣ» ва монанди инҳо ҷавонони синни даъватро аз хизмати ихтиёрӣ ва ифтихорӣ барои Модар – Ватан нобовар сохтааст. Магар фарзанд барои ғамхорӣ ва нигоҳубини модараш ҳақ дорад аз он бузургвор музд талаб кунад?!”
Инчунин модарон хостори бозбинии пардохти ҷубронпулӣ ба сарбозони ҳалокшуда гардидаанд: “Муҳтарам сарвари давлат, дар кишварҳои дигар баъди талафоти инсон барои волидонашон ҷубронпулӣ месупоранд ва он 3500 сомонӣ ҷубронпулӣ барои сарбозони ҳалокшудаи тоҷик танҳо барои маросими дафнашон кифоя мекунаду бас. Аз ин рў, барои ҳайсияти одамӣ ва мақоми инсонии сарбозони ҳалокшуда аз Шумо муҳтарам Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон хоҳиш мекунем, ки дар ҷуброни хисороти ҷонии сарбозон ҳиммати баланди инсонӣ зарур аст, агарчи марги фарзандро бо миллиардҳо сомонӣ низ ҷуброн кардан имкон надорад”.