Низомов раиси Иттифоқи оҳангсозон шуд
Хуршед Низомов, раҳбари нави Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон интихоби раҳбари нави Иттифоқи оҳангсозон 29-уми апрел дар анҷумани ғайринавбатии он сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, Ҳамидов Сангалӣ муовини раиси Иттифоқи композиторон интихоб гардида, дар анҷуман ҳамчунин масъалаи омодагиҳо ба баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, вазъи имрӯзаи мактаби композиторӣ ва мусиқашиносии тоҷик ва дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.
Қаблан раҳбарии Иттифоқро Шуҳрат Ашуров, ба уҳда дошт, ки баъди 8 моҳи раҳбарӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ 10-уми декабри соли гузашта дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расида буд.