Имзои се созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон
Дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Олмон, байни ду кишвар се созишнома ба имзо расид.
Бар тибқи иттилоъи расмӣ, созишномаҳо ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи тиббу беҳдошт миёни вазоратҳои марбутаи ду кишвар имзо шуд. Созишномаи дигарро, ки иктишофу истихроҷи маъданҳои табииро дар назар дорад, Раёсати геологияи Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи федеролии геологияи Олмон имзо карданд. Созишнома дар бахши энержӣ миёни Вазорати иқтисоду саноати Тоҷикистон ва Оҷонси энержии Денаи Олмон имзо шуд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта бо Ангела Меркел, канслери Олмон ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин шеваҳои кӯмак дар бозсозии Афғонистони ҳамсояро баррасӣ кардааст.