Мард бо 11 зарби корд ҳамсарашро куштааст
Дар шимоли Тоҷикистон як марди 40-сола бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи ҳамсараш боздошт шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақрибан соатҳои 08:30-и 27 апрел бо ҳамсараш муноқиша мекунад ва “бо корди хоҷагӣ 11 маротиба ба узвҳои бадани ӯ мезанад”.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ҳамсари 35-солаи ӯ аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Гумонбари ҷинояти куштор ҳангоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт ва нисбаташ бо дастрасии моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад”.