Хитой барои забону адабиёти тоҷик Ҳиндустони дигар нашуд...
Абдулло ЮЛДОШЕВ
1. Империяи Юан, ки набераи Чингизхон Хубилай, писари Толуй дар Хитой соли 1271 таъсис дод, то соли 1368 ҳукумат кардааст. Пойтахти империя -- Хонбалиқ тақрибан дар мавзеи Пекини имрӯза ҷойгир буд.
2. Рашидуддин Фазлуллоҳ, арбоби давлатии шохаи мамлакати Ҳалокуиҳо (Элхониҳо)-и муғул дар Эрони Ғарбӣ ва таърихнигори шинохта соли 1247 дар Ҳамадон таваллуд ёфта, соли 1318 бо туҳмате дар Табриз ба қатл расонида шудааст. Ӯ муаллифи таърихномаи маъруфи “Ҷомеу-т-таворих” мебошад. Ин сарчашма бо эътирофи муҳаққиқони таърихи кишваркушоӣ ва кишвардориҳои муғул, ба ҳама ҳол, сарчашмаи мавриди эътимод дар ҳамин бобат ба шумор меравад. Мо чанд сухане, ки роҷеъ ба лигвоними “тоҷикӣ” гуфтанӣ ҳастем, бар пояи нашри соли 1911-и Лейден (Ҳолланд) хоҳем гуфт, ки бо талоши ховаршиноси фаронсавӣ Эдгар Блоше сурат гирифтааст.
3. Маълум аст, ки этноними “тоҷик” бешубҳа дар сарчашмаҳои расида ғарбтар аз паҳнои қаторкуҳҳои Помиру Олой бори нахуст дар байте аз як қасидаи шоири шинохта Ҳасан ибни Аҳмади Унсурии Балхӣ (тақрибан 961-1039) (Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун, Зи турку тоҷику зи туркамону ғузу хазар) ва ё дар ҷузъи боқимондаи “Таърихи Байҳақӣ” (“Таърихи Масъудӣ”)–и Абулфазли Байҳақии Сабзаворӣ (995-1077) зикр шудааст.
Он ки дар муқаддимаи кӯтоҳаки ҳарфгардон ба ҳуруфоти кирилии (Душанбе 2014) китоби офариниши “шариат”-и зардуштӣ “Бундаҳишн”, китобе, ки дар асри IX ғолибан ба сифати тафсире ба баъзе бахшҳои “Авасто” таълиф шудааст, арабро “тоҷик” навиштаанд, на “тозӣ” ва на “тозик”, гумон меравад, ки шояд инҷо саҳви техникӣ ҷой дошта бошад. Хоса, ки дар тарҷумаҳои муътабари “Бунадаҳишн”, масалан дар тарҷумаи О.Чунакова ба забони русӣ ва тарҷумаҳо ба бештари забонҳои ғарбӣ чунин муқаддима вуҷуд надорад. Ва дар ду нусхаи қаламии расидаи “Бундаҳишн” (“ҳиндӣ” ва “эронӣ”), агар дар онҳо муқаддима ҳам бошад, бе ҳеч шубҳа, “тоҷик”-и моро дар назар надоранд. “Тозӣ”–арабро дар назар доранд, ки ҳарчанд сесад сол боз шаҳрнишин ҳам шуда буданд (дар Бағдод, Басра, Куфа...), ҳамоно дар забони муаллиф ё муаллифони “Бундаҳишн” “тозӣ” саҳронишини кӯчманӣ ёд мешуданд. Чунон ки боз тақрибан беш аз сад сол пас, лак андар лак дар “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ.
3.1. Аммо шарқтар аз паҳнои қаторкуҳҳои Помиру Олой ин этноним чандон ноошно набудааст. Дар сарчашмаҳои хитоӣ, ки дар бораи оини бон – оини тобуддоии Тибет (“Туббат” дар географияи арабӣ-мусулмонӣ) маълумоте рафтааст, ки поягузори ин оин Шенраба Миво, ки то асри IX-и мелодӣ зистааст, ба Тибет аз Олмо Лунгринг аз кишвари Тазик-Tagzig (Тоҷик) омадааст. Муҳаққиқон ин кишварро ба марзбуми қавме, ки ҳамин номро дорад ва ҳамеша дар шарқи Эроншаҳр истиқомат мекардааст, пайваста медонанд. Оини бон, ки дар асрҳои VI-IX дар Тибет будааст, ба ақидаи чанде аз пешаварони ин соҳа бо равияи шарқии мазҳаби маздоияи зардуштӣ пайванде дорад, ки метавонад мавриди исбот қарор гирад.
3.1.1. Ҷуғрофиёни арабу мусулмон, аз ҷумла Ибни Хурдодбеҳ (820-913) дар “ал-Масолик ва-л-мамомлик” (“Роҳҳо ва кишварҳо”) вуҷуд доштани роҳ ва тиҷоратро байни музофоти Хуттал ва Тибет таъкид кардаанд.
3.2. Дар аҳди подшоҳии империяи хитоии Тан (618-906) дар мавриде, ки дар ибтидои ҳокимияти ин сулола сухан дар бораи “аспҳои обӣ” меравад, ки дар географияи арабу мусулмонӣ аз Ибни Хурдодбеҳ то Ёқути Ҳамавӣ (1179-1229) ин аспҳоро аспҳои хутталӣ ва дар сарчашмаҳо хитоӣ ин аспро аспи “даши” мегӯянд.
Ба ҳукми анъанае, ки дар илми шарқшиносӣ боло гирифтааст, “даши”-ро одатан “араб” медонанд ва шакли хитоишудаи калимаи тоҷикии “тозӣ” ба маънои кӯчманчӣ, бадавӣ ва ё аъробие, ки дар забони классикии мо маъмул будааст. Масалан, “Тарсам нарасӣ ба Каъба эй аъробӣ...”-и шайх Саъдӣ. Ва ҳеч саволе ҳам гузошта намешвад, ки хитоиҳои ҳамсояи азалӣ бо минтақаи густариши забонҳои эронии қадим, масалан хутанӣ, чаро ҳамсояи дури ғарбии худро “даши” наметавонистанд бигӯянд. Бо он ваҷҳ, ки лоақал хитоиҳо бо ин ҳамсояи ғарбии дур - даши аз замони сафорати Чжан Тсзян ба Осиёи Миёна дар асри II-и пеш аз мелод ошно буданду бо арабҳо наметавонистанд пештар аз аз асри VIII-и мелодӣ ошноӣ пайдо кунанд. Ошноӣ аз тариқи соҳилҳои баҳрҳои ҷанубии Хитой. Дуруст аст, ки “сафарнома”и Чжан Тсзян ба сари худ то замони мо нарасидааст, вале маълумоти ин сафир дар асари муаллифи асри II-и мелодӣ Сима Тсян “Ши тсзи” (“Нигоштаҳои таърихӣ”), дар боби “Қиссаҳои Даван (водии Фарғона)” ба пуррагӣ то замони мо расидаанд...
3.2.1. Масалан, дар китоби истилоҳи ғайримаъмулӣ ба кор барем, олиҷаноби илмии Эдвард Шефер “Шафтолуҳои заррини Самарқанд”, ки ба яке аз паҳлӯҳои ҳайёти хоқонони Чин дар аҳди империяи Тан бахшида шудааст, ҳарчанд бар пояи сарчашмаҳои хитоии дерин таъкид мешавад, ки “Хуттал фаровон аспҳо дорад” ва боз ҳам бар пояи ҳамон сарчашмаҳо гуфта мешавад, ки “аспҳои тозӣ аз Хуттал” ба дарбори хоқонони Тан ба тариқи ҳадя фирстода мешаванд, ҳамоно ҳеч муҳаққиқе “даши”-ро, ки дар забони хитоии асри ҳафт ё ҳашт маънои “ҳамсояи дури ғарбӣ”-ро низ дорад, намехоҳад бо этноними “тоҷик”дар пайванде бубинад.
3.2.2. Боз дар ҳамин китоб вақте сухан дар бораи санги қиматбаҳои доирашакл меравад, ки онро ба забони хитоии он вақт “ян суй” – “муҳра ё гавҳари офтобафрӯз” ё “муҳраи оташангез” мегуфтанд ва мегуфтанд, ки онро аз кишвари Тоҷик овардаанд, боз ҳам дар поварақи ин китоби камназир мехонем, ки ин ҷо низ сухан дар бораи кишвари араб меравад. Вале агар мулоҳиза кунем, ки қиссаҳо дар бораи “муҳраҳои офтобафрӯз” аз соли 630 сар мешаванд, ин ҷо ишколе ба миён меояд. Соли 630 ба маънои имрӯза арабҳо давлат надоштанд. Ва он чӣ дар Мадинаи Мунаввара дар замони ҳазрати Пайғамбар буд, ниҳоде буд, ки аз он пасон давлати тавонманди арабӣ дар симои “Ҷумҳурии Муҳаммад” – “ҳокимияти чор ёри босафо (Абу Бакри Сиддиқ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абу Толиб) ва хилофати Умавиён (661-749) баромада буд. Ва мусалламан, агар гуфтан нахоҳем ки он “муҳраи офтобафрӯз”-и кишвари Тоҷик санги қиматбаҳое аз Бадахшон набошад, он санг наметавонад луълуи халиҷи Форс ҳам бошад.
Калимаи луълуъ (гавҳар) ба ҳукми оятҳои муборакаи сураҳои “ат- Тур”, “ар-Раҳмон”, “ал-Воқеа”, “ал-Ҳаҷҷ”, “Фотир” ва ”ал-Инсон”-и Қуръони карим барои арабҳо бегона набуд. Ва маълум ҳам ҳаст, ки ҳунари шикори луълуъ дар Баҳрайн (тамаддуни Дилмун) аз дерҳои дер вуҷуд дошт. Ва боз ҳам маълум аст, ки аз бандари таърихии Сироф, ки дар наздикиҳои Шероз дар соҳили шимолии Халиҷи Форс воқеъ буд, ҳаракати киштиронӣ ба роҳ монда шуда буд. Бо ин ҳама арабҳо аз соҳили ҷанубии (ба истилоҳ арабии) Халиҷ ҳоло ҳаракати бодбонҳоро қад-қади соҳилҳои баҳри Арабу нимҷазираи Ҳиндустон ва... то Хитой наметавонистанд ташкил кунанд. Ва боз ба он далел, ки то ибтидои солҳои 60-уми асри VII “ҳукумати исломия” аз ҳудуди Ҳиҷоз – минтақаи соҳил ва наздик ба соҳилҳои баҳри Сурх берун нарафта буд.
4. Бо изҳори маъзарат аз муқаддимагунаи дарозтар мегузарем ба номи забон, ки Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ соли 867 ба Муҳаммад ибни Васиф гуфта буд, ки ман арабиро намедонам, ту ба забони ман, агар шеър гуфтанӣ бошӣ, бигӯ.
4.1. Ғарбтар аз паҳноҳои қаторкуҳҳои Помиру Олой то Ҳиҷоз, ки Қуръони карим он ҷо нозил шудааст, номи забонро аҷамӣ мегуфтанд. Масалан, ба шаҳодати ояи каримаи рақами 103-и сураи 16 “ан-Наҳл” (“Занбури асал”). Ва ба шаҳодати тафсилоте, ки дар бораи забонҳои (ва лаҳҷаҳои) иқлими Мовароуннаҳр тавонмандтарин ҷуғрофии араб Шамсиддини Муқаддасӣ (947 – 1005) дар “Аҳсану-т-тақосим” додааст – аҷамӣ, форсӣ ва дарӣ. Дар яке аз байтҳои расидаи устод Рӯдакӣ номи забон “паҳлавонӣ” (паҳлавӣ) зикр шудааст (Ва гар паҳлавонӣ надонӣ забон, Варазрӯдро Мовараннаҳр хон). Зиёда аз ин дар навиштаҳои баъзе аз адибон номи забон ба гунаи “мовараннаҳрӣ” (Манучеҳрӣ: Яке мурғ суруди форсӣ мехонд, Яке мурғ суруди мовараннаҳрӣ) ва ё чунончӣ дар “Эъҷози хусравӣ”-и Амир Хурави Деҳлавӣ “форсии мовароуннаҳрӣ”.
4.2. Номи забон – лингвоним – ба сиғаи “тоҷикӣ”, метавон хулоса кард, бино ба сарчашмаҳои расида ба камтарин ҳисоб то ҳуҷуми муғул дар паҳноҳои ғарбтар аз қаторкуҳҳои Помиру Олой ба мушоҳида наомадааст.
4.3. Ва муаллифи ин сатрҳо соли 1986 дар моҳномаи “Садои шарқ” ба мақолае таваҷҷуҳи хонандагонро ба вуҷуд доштани лигвоними “тоҷикӣ” ҷалб карда буд.
4.3.1. Ва ҳоло низ мехоҳад таъкид кунад, ки ин лингвоним дар байти 73-юми муқаддимаи маснавии яке аз фозилони уйғур дабир ва шоири тавоно Юсуф Хос Ҳоҷиби Балосоғунӣ “Қутадғу билик” (“Дониши саодатовар”), ки соли 462-и ҳиҷрӣ (1069\1070) навишта шудааст, ба гунаи “тежикча” зикр шудааст.
4.3.1.1. “Қутадғу билик” баробари луғати туркӣ-арабии “Девон луғоти-т-турк”-и Маҳмуди Қошғарӣ (1028-1101) ду шоҳкории адабию илмии халқҳои турк мебошад, ки дар қаламрави сулолаи Қарохониёни шарқӣ эҷод шудааст.
5. Шаҳзода Ананд писари Мангала набераи Хубилайхон, ки ба ҳангоми подшоҳии Темурхоқон (1294-1307) амири вилояти Тангут, ки дар ҳудуди ду вилояти имрӯзаи Хитой – Шэнси ва Гансу вуҷуд дошт, буд. Ин ду вилоят дар қисмати марказии Хитой ҷойгир мебошанд.
5.1. Шаҳзода Ананд дини Исломро пазируфта буд ва аз густариши ин дин дар вилояти Тангут пуштибонӣ мекард. Шаҳзода Анандро ҳамсари Меҳтар Ҳасан Ахтачии Самарқандӣ -- Зулайхо шир дода, ба воя расонидааст.
6. Дар аҳди империяи Юан забони мусулмонони Хитойро бо се истилоҳ хуэй-хуэй вэн – забони мусулмонӣ, иситифэй-вэн – забони истифӣ ва пусуман-тсзи – забони пусуман ифода мекарданд.
6.1. Ба эҳтимоли қавӣ забони истифӣ ва умуман забони муоширати мусулмонони ин империя забони форсӣ тоҷикӣ будааст, на арабӣ ва на туркии шарқӣ (уйғурӣ). Ба он далел, ки пайтсза-ҳои (нишони салоҳияти амалдорон) хоқонони ин сулола ба се забон муғулӣ, хитоӣ ва тоҷикӣ навишта ва супорида мешуд. Ва ба он далел, ки андаке пештар хоқони бузурги муғул Гуюкхон (1206-1248) соли 1246 ба сафири Папаи Рим Плано Карпини (1182-1252) ба унвони Папа номае супорида буд бо забони муғулӣ бо хати қадимии уйғурӣ ва матнҳои ҳамроҳ бо забони лотинӣ ва забони саратсинӣ (мусулмонӣ). Забони саратсинӣ ҳамоно забони тоҷикӣ будааст. Ва ин нома ҳоло дар китобхонаи Ватикан нигоҳдорӣ мешавад. Тарҷумаи бомуқаддима ва шарҳи ин нома ба забони русӣ вуҷуд дорад ва дастрас мебошад.
6.1.1. Соли 1263 дар империяи Юан академияҳои (мадрасаҳое ба монанди Низомияҳои хоҷа Низомулмулк) Ханлин ва Ханлин-гоши-юан таъсис дода шуда буданд ва соли 1289 ба панҷ амалдор супориши хоқонӣ дода шуд, то дар ин ду академия забони истифиро таълим диҳанд.
7. Ва шаҳзода Ананд, ки ба шаҳодати Рашидуддин Фазлуллоҳ зани самарқандие “... Зулайхо ном ӯро шир дод. Бад-он сабаб мусулмонӣ дар дили ӯ росих (пойдор) ва мустаҳкам шуд. Ва Қуръон омӯхта. Ва хатти тоҷикӣ бағоят наку нависад. Ва ҳамвора рӯзгори ӯ ба тоат ва ибодат масруф аст. Ва қурби саду панҷоҳ ҳазор лашкари муғул, ки ба вай тааллуқ медоранд, аксарро мусулмон гардонида...”
7.1. Дар бобати ибораи “хатти тоҷикӣ” муҳаққиқон чунин ақида доранд, ки ин ибора ба ҳеҷ ваҷҳ ба навъи хат далолат намекунад. Хоса, ки то охирҳои асри XIII дар “ашколи хутути исломия” чунин навъи хат набуд. Дар асрҳои минбаъда инчунин.
7.1.1. Ибораи “хатти тоҷикӣ” дар матни Рашидуддин Фазлуллоҳ ва дар он ҷумлае, ки омадааст, мусалламан чунин маъно дорад, ки шаҳзода Ананд ба забони тоҷикӣ басо хуб менавишт. Яъне, агар ба ҳадафи мақолагунаи худ бозгардем, метавонем бигӯем, мо боз шоҳиди истифодаи дигари лигвоними “тоҷикӣ” мебошем, ки дар нимаи дуюми асри XIII зодаи Исфаҳон барои инъкоси манзараи луғавии паҳноҳои паҳнодори Хитой маҳз ҳамин лингвонимро истифода бурдааст.
7.1.2. Рашидуддин Фазлуллоҳ чунон, ки аз таҳқиқоти яке аз пажуҳандагони имрӯзи тоҷик бармеояд, минтақаи густариши ба ибораи Амир Хусрав “форсии мовароуннаҳрӣ”-ро “вилояти Тоҷик” ҳам гуфтааст.
7.1.3. Ҳамин тариқ, мо метавонем бигӯем, ки дар паҳноҳои Хитой номи забони моро “тоҷикӣ” ҳам мегуфтанд. Ва номи халқи моро ба талаффузи худашон да-ши мегуфтанд, ки агар тарҷумаи айнӣ кунем, маънои “ҳамсоя ё қавми дури ғарбӣ”-ро дорад. Да- дур, ши-ғарб.
7.1.2.1.Одатан дар сарчашмаҳои хитоӣ то охири ҳазораи якуми мелодӣ ҳар ҷо дар робита ба халқе “ғарбӣ” гуфтаанд, бешубҳа қавмҳои шарқи Эроншаҳрро дар назар доштанд. Ҳамон қавмҳоро, ки аз онҳо дар асрҳои IX-X халқи тоҷик ташаккул ёфта буд... Қавмҳои ғарби Эроншаҳр дар сарчашмаҳои хитоӣ бо этноними “боси” ёд шудаанд.
ХХХ
0. Ин “қанди порсӣ” ба “Банғола” нарафтааст. Дар “Банғола”, мо Хитойро дар назар дорем, будааст. Гирем забони хутанӣ, ки осори фаровони хаттӣ ҳам ба мерос гузоштааст. Ва имрӯз ҳам дар фарози шарқии қаторкуҳҳои Сарикул қавме ба забони сарикулӣ гап мезананд.
0.1. Муносибатҳои хитоиҳо бо гузаштагони мо таърихи зиёда аз дуҳазорсола доранд: бахши андарунии (хитоии) Шоҳроҳи бузурги абрешимро “шабакаи бозаргонии суғдиён” мегуфтанд; забони суғдӣ аз асрҳои II- ҳарчанд, ки Абу Муслими Хуросонӣ дар муҳорибаи Талас соли 751 лашкари Гао Сан-чжи сарлашкари империяи Танро торумор кард ва бо ҳамин ҳаракати густаришҷӯёнаи Хитойро ба самти Ғарб то садсолаҳо дошт, то охирҳои асри IX дар рафторафти Шоҳроҳи бузурги абрешим lingua franca буд;
баъд аз соли 651 Фирӯз писари Яздигурди III ба дарбори хоқонони Тан паноҳ бурд ва писари ӯ Нарсе ҳам дар он дарбор зикр мешавад;
бо густариши Ислом забони тоҷикӣ ин динро ба Хитой бурд, то ҷое ки имрӯз ҳам хитоиҳо нияти намозро ба забони тоҷикӣ мекунанд...
0.2. Фаъолияти қобили мулоҳизаи фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ, аз ҷумла фаъолияти илмию адабӣ дар аҳди империяи Юан дар Хонбалиқ сурат мегирифт. Аммо бо ба сари қудрат омадани сулолаи хитоии Мин (1368-1644) ва сулолаи охирини манҷурии Тсин (1644-1911) авзоъ тағйир ёфт. Ва забону фарҳанги бузурги хитоӣ, ки одатан омезишпазир нест, ассимилятсия намешавад, фарҳангҳои омадро фуру бурд, напазируфт. Дар назар ҳам бояд дошт, ки хитоиҳо ба шумор дар асрҳои миёна ҳам халқи калонтарин буданд. Масалан, аҳолии пойтахтаи сулолаи Тан шаҳри Чанъан (ба суғдӣ Чинонкат) дар асри VIII барбари як миллион нафар буд... Дар охири асри XVI аҳолии Париж 300 ҳазор нафарро ташкил медод... Хитой барои забону адабиёти тоҷик Ҳиндустони дигар нашуд...