Протокол имзо шуд. Нуқтаи таммати “таниши ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия?
Дар пайи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия бар сари баҳси парвози ҳавопаймоҳо ҷонибҳо ба тавофуқ расида ва протоколе ҳам имзо кардаанд.
Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ин музокирот ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, “ҳамаи мушкил ҳал шуд”.
Баҳси ду кишвар бар сари парвози ҳавопаймоҳо аз ним соли пеш шурӯъ гардида, як замон ҳатто ба бунбаст мувоҷеҳ шуд. Ҷонибҳо парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамдигарро лағв карданд. Аммо ҳоло гуфта мешавад мушкил рафъ гардидааст.
Ганҷалзода дар бораи созиши ҷонибҳо ва умуман раванди музокирот иттилои бештаре надодааст. Аммо Андрей Дубров, намояндаи расмии ширкати “Ямал” изҳор дошта, бар асоси санади имзошуда ин ширкат ҳафтае се маротиба ба Душанбеву Хуҷанд парвоз анҷом хоҳад дод. Ба қавли ӯ, “Сомон Эйр” низ парвозашро анҷом диҳад”.
Сарчашмаи “таниши ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия ҳам ҳамин баҳси парвозҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд буд. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди Русияро дар мавриди 7 парвози “Ямал” дар як ҳафта хилофи муқарарроти баробарӣ унвон кард. Ва чун ин масъала печида шуд, Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-ро манъ кард ва дар ҷавоб Тоҷикистон ҳушдор дод, ҷавоби ҳамсон мегардонад. Дар пайи “танишҳои ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия бештар шаҳрвандони оддӣ азият кашиданд.