Додгоҳи Боку бастани Радиои Озодӣ ва 3 расонаи мустақилро баррасӣ мекунад
Додгоҳи ноҳиявии шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба баррасии даъвои ҳукумат дар бораи бастани чаҳор расонаи мустақил, аз ҷумла бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ шуруъ кард. Фаик Фармонов, раиси маркази амнияти электронии назди вазорати нақлиёт, иртиботот ва технологияи олии ин кишвар барои бастани расонаҳои мустақил ба додгоҳ шикоят бурд.
Ҷаласаи нахустини додгоҳӣ 27 апрел мухтасаран баргузор шуд. Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ 1 май дар назар дошта шудааст.
Тибқи ҳуҷҷатҳое, ки дар додгоҳ муаррифӣ шуд, вазорати нақлиёт бо дастури додситонии кулли ин кишвар сар аз 27 май дастрасӣ ба чаҳор сомонаро маҳдуд мекунад. Ниҳоди мазкур даъво дорад, ки бахши озарии Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои мустақил ба амнияти миллии кишвар "хатар эҷод мекунанд".
Президенти Радиои Озодӣ Томас Кент амали вазорати мазкурро талоши "сензураи ошкоро барои тарс додани расонаҳои мустақил" номид. Вай гуфт, "ин тасмим ба ҷуз аз таҳқири конвенсияҳои байналхалқӣ ва қонунҳои асосӣ чизи дигареро ба намоиш намегузорад".