ВАО: Зани рус барои “ҳамсар”-и муҳоҷири тоҷик шудан 15000 рубл гирифтааст
Додгоҳи шаҳри Конаковои вилояти Твер ақди никоҳи як шаҳрванди Тоҷикистон ва як зани русро бекор кардааст.
Ба иттилои расонаҳо Додситонии Конаково ин ақдро, ки 4 марти соли 2016 баста шудааст, тақаллубӣ хонда ва барои бекор намуданаш ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Худи зан ҳам изҳор дошта, танҳо бо ҳадафи дарёфти пул ба ин кор розӣ шуд. Вай аз шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ин роҳ тавонистааст бо шеваи соддатар шаҳрвандии Русияро дарёфт кунад, 15 000 рубл гирифтааст. Аммо Додситонии Конаково хабар надодааст, ки акнун шаҳрвандии ин муҳоҷир ҳам бекор мешавад ё хайр.
Ин бори авал нест, ки дар Русия ақди никоҳи муҳоҷирони тоҷик бо шаҳрвандони Русия бо далели ҷаълӣ будани онҳо бекор мешавад. Дар бештари маврид муҳоҷирон барои дарёфти шаҳрвандии Русия ба чунин иқдом даст мезананд. Маъмулан мардон бо шаҳрвандони Русия ақдли никоҳи “рӯякӣ” мебанданд, аммо дар гузашта расонаҳо аз чунин никоҳи зани тоҷик бо марди рус хабар дода буданд.