Суғд: Шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Б.Fафуров бештар дар баргузории хатнасуру зодрӯз ба қонуншиканӣ роҳ додаанд
Беш аз 1100 рейди муштарак дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 60 қонуншиканӣ ҳангоми баргузор кардани анъана ва маросимҳои миллиро ошкор намудааст.
Суҳроб Рустамзода, иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати вилояти Суғд дар гузориши худ гуфтааст, дар семоҳаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар 1481 хатнасур, 3906 тӯйи домодию арӯсӣ, 1444 маросими чил ва 807 маъракаи сол баргузор гардидааст: “Дар ин давра ҳини гузаронидани 1190 рейди муштараки аъзои комиссияҳои доимӣ, санҷишу назоратҳои баргузории маърака ва маросимҳо масъулини шӯъбаи вилоятӣ ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои маъмурияти шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуданд”.
Ба гуфтаи ӯ, асосан шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Fафуров ва қисман Бӯстон (собиқ Чкалов) дар баргузории маъракаҳои хатнасур, зодрўз ба қонуншиканӣ роҳ додаанд.