Оғози бунёди мактаби байналмилалии Бритониё дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз, 28-уми апрел дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё, ки дорои 420 ҷойи нишаст дар як баст мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон арзиши корҳои сохтмонӣ 9 миллион сомонӣ буда, мактаби байналмилалӣ аз ду бинои 5 ошёна бо таҳхона иборат мебошад.
Манбаъ афзуд, ки дар муассиса баъди ба истифода доданаш дар маҷмӯъ 90 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид: “Ҳайати омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони бритониёвӣ, дар заминаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст”.
Дар баробари ин раисиҷумҳур бо писараш дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе ба сохтмони бинои нави мактаби рақами 31-и ноҳияи Шоҳмансур оғоз бахшиданд: “Мактаби мазкур барои 1280 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, сохтмони он 2 марҳиларо дар бар мегирад. Арзиши лоиҳавии ин муассисаи нави таълимӣ 46 миллион сомониро ташкил медиҳад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон масъулинро барои анҷоми сохтмон то 1 сентябри соли 2018 муваззаф намудааст, зери бинои феъли мактаби рақами 31 ҳанӯз соли 1937 сохта шуда, барои 390 хонанда пешбинӣ гардидаст: “Вале имрӯз дар ин муассиса 1133 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд”.