ВКД: 18 либоси тӯёнаи толори арӯсиро духтари 16-сола дуздидааст
Бо иттиҳоми дуздии либосҳои тӯёна аз як толори арӯсӣ дар шимоли Тоҷикистон як навраси 16-сола дастгир шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз толори арӯсии “Шоира-Люкс” дар шаҳри Хуҷанд 18 либос рабуда шудааст, ки қиммати умумии онҳо 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ин духтари 16-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 27 апрел пинҳонӣ вориди толори арусӣ шуда, либосҳоро дуздидааст: “Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд”.