“Капитан Неъматов” боздошт шуд: Бо ваъдаи раҳоии маҳбусон аз волидонашон пул мегирифт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷавонеро боздошт намудааст, ки худро корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муаррифӣ карда, аз сокинон пул меситонидааст.
Дастгиршуда 28 сол дошта, дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекардааст. Дар гузориши телевизионие, ки шабакаи “Тоҷикистон” пахш кард, гуфта шуд, Давлатмурод Азизов бо шаҳодатномаи тақаллубӣ худро “капитан Неъматов” аз КДАМ муаррифӣ намуда, аз волидони чанд маҳбус барои раҳоии онҳо бар пояи қонуни афв пул гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки худи Азизов қаблан 3 маротиба маҳкум ба зиндон шуда, баъди дар асоси қонуни афв озод шудан, “ба ҳар роҳу усул шаҳрвандонро ба доми фиреб андохта, пулҳояшонро аз худ кардааст”.
Тӯйчибой Тошев, сокини ноҳияи Шаҳритус, ки ба доми фиреби “капитан” афтодааст, дар ин гузориш мегӯяд, барои аз маҳбас озод кардани писараш ба Азизов 6 ҳазор сомонӣ додааст: “Гуфт, фарзандат маҳбас шудагӣ аст, гуфтам ҳа. Гуфт, зуд биё ки авф шудагӣ аст, ман гуфтам дарс дорам, гуфт дарсатро мону зуд биё, бояд равем фарзандат дар Суди олӣ аст, гирифта биёрем. Ман хона омадам, ӯ ба ман гуфт 6 соли дигар мондагӣ, барои ҳар солаш ҳазор сомонӣ бояд ҷарима супоред. Писарат ҳоло дар Суди олӣ нишастааст, ҷаримаро месупорӣ, бачаро гирфта меорӣ”.
Аммо ба гуфтаи Тошев, баъди гирифтани 4 ҳазор сомонӣ Давлатмурод Азизов “барои овардани квитансия” рафт ва бо ҳамин барнагашт.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Акс аз навори телевизион