Нигаронии Президент аз маъракаҳои бодабдабаи мансабдорон ва бо мошинҳои гаронарзиш гаштани писарони онҳо (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 27 апрел дар ҷаласаи навбатии ҳукумат аз риоя нагардидани талаботи “қонуни танзим” аз сӯи хизматчиёни давлатӣ изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ гуфт, дар бештари маврид вайронкунандаҳои талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин фарзандону наздикони онҳо буда, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд.
Дар робита раисҷумҳур таъмини қатъии талаботи қонунҳои амалкунандаи кишварро талаб намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан аз ҷониби мансабдорон, пӯрзур намудани ҷавобгарии интизомӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаримаҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони қонун, падару модарон ва фарзандони онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.