Ин ҳафтанома бо ибтикори Саймиддин Дӯстов, сарвари созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» таъсис ёфта, журналисти таърихнигор Нуралӣ Давлат аз аввалин сардабирони нашрия маҳсуб мегардад. Маврид ба ёдоварист, ки ин ҳафтанома пас аз баста шудани се нашрияи мустақил -«Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» ба саҳнаи матуботи тоҷик ворид шуд. «Нигоҳ» дар фазои матбуоти муосири Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойгоҳи хоси худро дошта, масоили марбут ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишварро ба баррасӣ мегирад.
Бино ба қавли муассиси ҳафтанома, роҳи тайнамудаи «Нигоҳ» дар ин 5 сол барои ҳамеша тахту ҳамвор набуд, мушкилоти зиёде ҳам рӯёрӯи ҳайати эҷодӣ ва соҳибмулк ба миён меомад: «Дар панҷ сол фаъолияти ҳафтанома ду маротиба баста шуд,дафъаи ахир дар моҳи октябри соли 2010 «Нигоҳ» зери фишор болои чопхонаҳои кишвар аз чоп монд, вале бо фаъол шудани «Кумитаи 29-уми сентябр» ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ дубора вориди саҳнаи матбуоти миллӣ гардид».
Зимнан, ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз ҷониби муштариён яке аз нашрияҳои муваффақ ва серхонандаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад ва маводи онро аслан интеллектҳои кишвар мутолиа мекунанд.
PS: Ҳамқаламону ҳамкорони гиромӣ, кормандони нашрияи «Нигоҳ»! 5-солагиатон муборак! Бошад, ки кору эҷодатон ҳамеша «5» бошад!