Ҳабси хонагии хеши Ислом Каримов дар Киев
Додситонии шаҳри Киев 24 апрел хабар дод, ки хеши Ислом Каримов, президенти пешини Узбакистон Акбаралӣ Абдуллоев аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфтааст. Абдуллоевро дар Узбакистон бо гумони тақаллуби ҳуҷҷат ва дуздии садҳо миллион доллар дар пайгард қарор додаанд.
Акбаралӣ Абдуллоеви 33-сола, ки додарзодаи Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов аст, 14 январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Киев боздошт шуд.
Тошканд ӯро дар дуздӣ ва қаллобӣ гумонбар медонад. Аммо худи Абдуллоев мегӯяд, барои ин ҷурмаш солҳои 2013 то 2016 адои ҷазо кардааст. Вай мегӯяд, айбҳои навбатӣ ангезаи сиёсӣ доранд.
Соли 2013 Абдуллоев бо айби содир кардани ҷиноятҳои сангини иқтисодӣ бо фармони бевоситаи Ислом Каримов ҳабс шуда буд. Моҳи ноябри соли 2014 додгоҳ ӯро 15 сол зиндонӣ кард. Аммо баъд аз 2 соли зиндон вай ба озодӣ баромад. Баъд аз чанд муддати даргузашти Ислом Каримов Абдуллоев Узбакистонро тарк намуд.