Муноқишаи ду майзада бо марг анҷомид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Малик Кабиров, сокини 44-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод.
Ӯ дар куштори Умедҷон Шарипов як ҳамсолаш аз шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад. Ба иттилои манбаъ, Кабиров ва Шарипов соатҳои 23 ба 24-и шаби 18 апрел баъди нушидани май дар кӯчаи Сомониёни шаҳараки Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳам муноқиша мекунанд: “Малик Кабиров чанд маротиба бо мушту лагад ба сару рӯи Шарипов мезанад. Дар натиҷа ӯ аз по афтида, дар санги бетонӣ бармехӯрад ва ба ҳалокат мерасад”.
Вазорат мегӯяд, нисбати Малик Кабиров, ки қаблан бар асоси моддаи 244- и Кодекси ҷиноӣ маҳкум шудааст, бо моддаи 110 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.