Сару садоҳо дар бораи боздошти даҳҳо корманди собиқ ва феълии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чанд рӯз аст, ки дар сархати хабарҳо қарор дорад. Ҳарчанд масъулини ин ниҳод бо далели сирри тафтишот расман ин боздоштҳоро шарҳ надодаанд, аммо бино ба хабарҳо миёни дастгиршудаҳо афроди баландмақом низ ҳастанд. Дар робита “Озодагон” ин ҳафта аз соҳибназарон пурсид, ки МАГАР ВАҚТИ ОН РАСИДААСТ, КИ ОҶОНСИИ ЗИДДИ ФАСОДРО АЗ ФАСОДКОРОН МУҲОФИЗАТ КУНЕМ?
Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Мову шумо наметавонем Оҷонсии зидди фасодро аз фасодкорон наҷот диҳем, инро агар худи садрнишинонаш накунанд. Боздошти Холмуродов (Фирӯз Холмуродов, раҳбари собиқи раёсати тафтишотии Агентӣ – “Озодагон”) ин паём дошта метавонад, ки гуфтумони мардум дар бораи фасодзада будани ниҳодҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ ҷо дорад ва пурсише, ки худи Рустами Эмомалӣ дар замони садрнишини ин ниҳод буданаш гузаронд ва хулосаи он ки мардум ба ин ниҳодҳо бовар надорад, ҳақиқати маҳз аст. Ҳоло дида мешавад, муфаттише, ки шахсиятеро ба фасодкорӣ муттаҳам мекард, маълум мешавад худ фасодкор будааст. Магар гумон мекунед Холмуродов дар ин роҳ танҳост? Садҳо ҳамроҳон дорад. Вале бадбахтӣ ҷойи дигар аст. Шонсҳои раҳоии Холмуродов ва ба зудӣ авф шуданаш бештар аз шонси як шахсест, ки бо ҷурми андак зиндонӣ шудааст. Холмуродовҳо ба даст меуфтанд, вале ҷазои сангин намебинанд ва беҷазо мондан худ омили созиш бо ҷинояту ҷинояткор аст. Ба ҳар ҳол боздошти Холмуродов паёме ба дигарон аст: Яъне, касе аз ин гуна боздоштҳо эмин нест. Зеро ҳамон шарикон ҳам шариконро мефурӯшанд.
Музаффари ИМОМДОД, фаъоли шабакаи “Фейсбук”
Беҳтар аст, агар тамоми фаъолияти Оҷонсии зидди фасодро қатъ кунанд, ин худаш барои аз байн бурдани фасод як пешравии калон хоҳад шуд.
Набӣ ЮСУПОВ, роҳбари ташкилоти “Медиа консалтинг”
Аз як тараф муҳим аст, ки корманди Оҷонсии зидди фасод бояд, одами пок бошад. Гуфти русҳо “кристально честный”. Аз тарафи дигар, ман бо рафти синну сол фаҳмида истодаам, ки одамони "кристально честный" яне 100% покиза дар дунё нестанд, чӣ расад ба Тоҷикистон. Бо вуҷуди ин, мо бояд кушиш кунем, ки на фақат дар сохтори Оҷонсии зидди фасод, балки дар ҳамаи сохторҳои ҳукумат шахсони қаллобу ҳаромкор набошанд.
Абдулло ДАВЛАТОВ, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия
Агар дар Тоҷикистон қонун ҳукмрон мебуд, чунин саволгузориву ҷавоб гуфтан ҷоиз буд. Дар вазъи кунунӣ чунин бозиҳои пасипардагӣ, ки гоҳе ба манфиати касе расонаӣ мешаванд, ҳеч тағйироте дар пай надорад. Дар ҷавоби қисмати дуюми саволатон гуфтаниам, ки вақти на танҳо Оҷонсии зидди фасод, балки тамоми сохторҳои ҳукуматро аз фасод тоза кардан хеле пеш расида буду ҳоло ҳаётан зарур аст.
Шодӣ САРАЕВ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе
Ҳоло ки амали бештари боздоштшудаҳоро гумонбар дар “қаллобӣ” ва "берун баромадан аз ваколатҳои хидматӣ" гуфтаанд, пас ин ҳушдорест, ки ҳар замон чунин "хидматчӣ" чандин нафаронро имкони паси панҷара бурдан дорад. Дигар ҷойи пушида нест, ки гӯем ин ниҳод худ олуда ба фасод шудааст, чунки боздошти онҳо инро тақвият мебахшад. Албатта, на танҳо ин ниҳод, балки дигар ниҳодҳо, хусусан ниҳодҳои ба истилоҳ қудратиро бояд аз ингуна нафарон пок кард.
Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, журналист
Бо таъсис додани Оҷонсии зидди фасод, ҳукумат фикр кард, ки пеши роҳи фасодкориро, ки дар тамоми соҳаҳо реша давондааст, мегирад. Мутаассифона, ин хел нашуд ва баръакс ин Оҷонсӣ ба фасодкори роҳи бештар кушод. Баъди таъсис додани ин ниҳод, аслан нафароне ба кор фаро гирфта шуданд, ки мутахассиси соҳа набуданд ва бо шиносбозӣ ба ин даргоҳ роҳ ёфтанд. Ҳамагон медонанд, ки қисми зиёди мансабдорон дар Тоҷикистон аз ваколатҳои хизматӣ сӯистифода мекунанд, аммо дар зарфи фаъолияти Оҷонсии зидди фасод ба ғайр аз дастгир кардани як омӯзгори бечора ё ягон духтури дигар бо пули ночиз кадом соҳибмансаби кишвар ба даст афтодааст? Худи ин амал аз чӣ далолат медихад? Вақте ки фасод соҳаҳои иқтисодиётро фалач намудаасту Оҷонсии зидди фасод ба дигар кор машғул, вақте мардум аз пора додан аз дари зоишгоҳ то боғчаву донишгоҳ ба дод омадаанд, вақте директорони мактаб бо намояндае ба синф медароянду мегӯянд, ки таълим дар мактаб бепул аст ва ҳар бор баъди рафтани намоянда пули таълимро баландтар мебардоранд, магар фаъолияти ин Оҷонси зарур аст? Вақте корманди Оҷонсӣ мутобиқи моддаҳои 247 ва 391 ба даст меафтад, хешутабори корманди Оҷонсӣ бо пора ба даст меафтад, ҳукумат ба чашми мардум чӣ гуна менигарад?