Ҳалокати пиёдагарди 17-сола зери чархи “Мерседес-Бенс”
Ронандаи сабукрави “Мерседес-Бенс” бехатарии ҳаракатро таъмин накарда, як ҷавонписари 17-соларо зер кардааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса баъди зуҳри 26 апрел дар ҳудуди ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст: “Марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ҷавонписари 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст”.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Таҳқиқи ҳодиса идома дорад”.