Ёдрас менамоем, ин қазия аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.
Ҳамзамон, бо гузашти чанд рӯз, аниқтараш рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр, Абдураҳим Холиқов, райиси Кумитаи дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон ва Анвари Вайсиддин, райиси шаҳри Ваҳдат ба ин масҷид ташриф оварданд, аммо ба гуфти онҳо аз ҷониби эшон гарм истиқбол нашудаанд ва нисбати масъулини ҳукумат беэҳтиромӣ зоҳир карда шудааст.