Оҷонсии зиддифасод: Зардаков маблағи беморонро тасарруф намудааст
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти хазинадори шӯъбаи муҳосиботи беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ хабар дод. Ашраф Зардаков дар “азхудкунии маблағҳо” муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Зардаков аз 1 январи соли 2015 то 1 январи соли 2017 дар шӯъбаи дил, ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи беморхона аз ҳисоби 107 бемори бистаришуда 31 ҳазору 65 сомониро ба хазина ворид накарда, тасарруф намудааст.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда аз моҳи январи соли 2014 то моҳи феврали соли 2015 пардохти варақаҳои корношоямиро ҳисоб намуда, бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ оид ба пардохти варақаҳои корношоям ба номи 11 корманди беморхона дар 12 ҳолат маблағи умумии 9207.96 сомониро ба кормандон пардохт накардааст: “Ӯ маблағи мазкурро азонихуд карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.
Оҷонсӣ мегӯяд, нисбати Ашраф Зардаков бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” ва 323-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.