Бонки миллӣ дар бораи сатҳи баланди таваррум ва омилҳои он
Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таваррумро дар моҳи март 1,5 дарсад нишон дода гуфтааст, он давоми чанд соли охир нишондоди баландтарин ба ҳисоб меравад.
Бино ба иттилои торнамои расмии Бонки миллӣ, ин нишондод нисбат ба як моҳи пеш (1,1%) 0,4 банди фоиз зиёд мебошад. Манбаъ меафзояд, сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар муқоиса ба моҳи феврал (5,9%) ба андозаи 1,4 банди фоиз афзоиш ёфта, ба 7,3% баробар гардидааст. Ин ниҳоди молӣ мегӯяд, бар асоси таҳлилҳояш сатҳи таварруми солона аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 9,0 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,2 фоиз ҳосил гардида, тарифаҳои хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ бошад, то 6,1 фоиз боло рафтаанд: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таъсири омилҳои ғайримонетарӣ дар сохтори тағйирёбии нисбии таваррум асоснок буд. Аз ҷумла, таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи аҳолӣ, пеш аз ҳама сабзавот ва маводи сӯзишворӣ ба амал омад”.
Бонки миллӣ омилҳои асосии таъсиррасон ба ин равандро, коҳишёбии истеҳсолот, пешниҳоди маҳсулот, омили мавсимӣ ва коҳишёбии қурбӣ арзёбӣ кардааст.