Tolonews: Теъдоди қурбониёни ҳамлаи хунини Балх ба 260 нафар расид
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъаи 21 апрел ба пойгоҳи артиши миллии Афғонистон дар вилояти Балх ба 260 нафар расидааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolonews бо такя ба манобеаш хабар додааст. Аммо гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд ин рақам афзоиш меёбад.
Манбаъ меафзояд, шахсияти 256 сарбоз шиносоӣ шудааст. 68 сарбози кушташуда аз Бадахшон, 50 тан аз Нангархор, 40 кас аз Баглон, 33 нафар аз Тахор, 24 кас аз Урузгон, 18 аз Ҳилманд, 13 аз Кундуз, 5 аз Самангон, се нафар аз Кобул ва ду тан аз Парвон будаанд. Зодаҳои музофотҳои Лагман ва Урузгон ҳам кам нестанд.
Ҳамла ба пойгоҳи артиш замоне иттифоқ уфтод, ки сарбозон барои гузоштани намози ҷумъа омодагӣ мегирифтанд. Масъулияти ҳамларо “Толибон” бар душ гирифтааст. Расонаҳо бо такя ба манобеи худ гуфтанд, ниҳодҳои амниятии Афғонистон аз ин ҳамлаи хунин аз қабл иттилоъ дошта ва масъулини пойгоҳро чандин бор огоҳ карда будаанд. Ба дунболи ин ҳодиса вазири дифоъ Абдулло Ҳабибӣ ва раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон Қадамшоҳ Шаҳим истеъфо доданд.
Рӯзи якшанбе дар Афғонистон рӯзи мотами миллӣ эълон шуда буд.