Ҳушдори наҷотдиҳандагон аз ҳавои номусоид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 27 то 30-юми апрел кишварро боду ҳавои номусоид фаро хоҳад гирифт.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тайи се рӯзи оянда дар водиҳо боронҳои шадид дар назар буда, эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо вуҷуд дорад: “Дар баъзе манотиқ резиши жола низ аз эҳтимол дур нест, раъду барқ метавонад хатҳои интиқоли нерӯи барқро барканад. Бар асари шамоли шадид бомҳои хонаҳо осеб мебинанд, лағзиши заминҳо, шикастану чаппа шудани дарахтон низ эҳтимол дорад”.
Ба иттилои манбаъ, дар манотиқи куҳӣ, дар баландиҳои бештар аз 2500 метр, шабона боронҳои шадиди гузаранда ба барфи тар дар назар аст: “Боришот метавонад боиси омадани сел, сангрезиш ва лағзиши тарма, бахусус дар қаторкуҳҳои водии Ҳисор ва минтақаҳои наздикуҳии Помир шавад. Дар ҷануби кишвар хатари тӯфони ғуборолуд вуҷуд дорад”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон хостааст, дар истифодаи роҳҳои куҳӣ эҳтиёкор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро барои сафар дар чунин шароит аввал омода созанд: “То ҳадди имкон аз рафтан ба манотиқи хатарзо, роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар куҳҳо худдорӣ варзанд”.