Зуҳуров: Коррупсионерҳо дер ё зуд ошкор мешаванд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” –ро қабул намуд.
Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси тағйироти нав хавфҳою омилҳои коррупсионӣ дар ниҳодҳои ҳукуматӣ таҳлил карда мешаванд ва ба ҳукумат пешниҳод мегарданд. Ба гуфтаи ӯ методологияи иҷроишу бартарафкунии омилҳоро ҳукумат муайян мекунад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тағйироти мазкур истиқбол намуда, гуфт, муқаррароти нав барои таҳлили хавфу омилҳои коррупсионӣ роҳ мекушояд. Зуҳуров аз он интиқод намуд, ки имрӯз бархе аз муборизон бо коррупсия худашон даст ба фасод мезананд. Ӯ таъкид намуд, ки касе ба коррупсия даст мезанад, имрӯз ё фардо, дер ё зуд аёну ошкор мешавад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба раиси Оҷонсии зидди фасод афзуд, имрӯз, сатҳи коррупсия дар баъзе кишварҳо аз ҷумла дар Тоҷикистон баланд аст ва мою шумо бояд коре кунем, ки фаъолияти Агентӣ дар мубориза бо фасод беҳтар карда шавад.