Парлумон синни нафақаи низомиёнро боло бурд: Ҳукумат хизмати алтернативиро баррасӣ дорад
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” синни нафақаи низомиёнро боло бурд.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳа дар парлумон гуфт, қаблан барои баромадан ба нафақа 20 сол собиқаи корӣ лозим буд: “Ҳозир собиқаи корӣ барои баромадан ба нафақа ба 25 сол расонда шуд”.
Вазири мудофиа синни нафақаи низомиёни дорои рутбаҳои гуногунро номбар карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки синни нафақаи генерал полковник аз 60 ба 63, генерал лейтенант ва генерал майор аз 55 ба 58, полковник аз 50 ба 53 ва унвонҳои дигари ҳарбӣ аз 35 сол то 48 солагӣ расонда шуд.
Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Шералӣ Мирзо хост, мавқеи ниҳодашро дар мавриди роҳандозии хидмати алтернативӣ рӯшан созад. Ахмедов афзуд, ки хизмати алтернативӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Шералӣ Мирзо гуфт, аз ҷониби гуруҳи корӣ лоиҳа дар бораи хидмати алтернативӣ таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод гардид. Ӯ афзуд, феълан ин масъала дар баррасии ҳукумат аст, қабул ва иҷроиши он аз маблағгузорӣ низ вобаста аст.
Дар мавриди пешниҳоди Ҷаббор Ахмедов барои кушодани кафедраҳои ҳарбӣ дар тамоми муассисаҳои олии таълимӣ вазири мудофиа гуфт, феълан барои ин шароити молӣ муҳайё нест ва самти кори баъзе муассисаҳои олии таълимӣ аз соҳаи низомӣ дур аст.
Шералӣ Мирзо афзуд, ки дар ҳолатҳои эълонг ҷанг ё ягон сафарбаркунӣ ба 45 ҳазор афсари эҳтиётӣ ниёз дорем: “Ҳозир 1 миллиону 270 ҳазор афсари эҳтиётӣ дорем. Ҳар сол беш аз 7 ҳазор донишҷӯён кафедраҳои ҳарбиро хатм мекунанд”.
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба вазири мудофиа пешниҳод кард, ки муҳлати хидмати ҳарбӣ аз 2 ба 1 сол расонда шавад. Ӯ зикр кард, ки бисёриҳо барои гурез аз хидмати ҳарбӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва хост, то Вазорати мудофиа роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо намояд.