Айёмиддини Фахриддин аз 6 солагӣ ба ҳифзи Қуръони Карим оғоз карда, давоми 4 сол онро пурра аз бар намудааст. Ҳоло 15 сол дорад ва то имрӯз дар озмунҳои қориёни Қуръон дар Судон, Қувайт, Аморати муттаҳаидаи Араб иштирок намудааст.
Номи Айёмиддини Фахриддин, қории навраси тоҷик замоне расонаӣ шуд, ки навори имтиҳон ва санҷиши ӯ дар як шабакаи телевизионии арабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 4 миилион тамошобин пайдо кард. Ин навор бо номи “Ин тифл, бидуни баҳс муъҷизаи асри мост” (бо забони арабӣ) аз сӯи Муҳаммад абу Халифа, як корбар аз Урдун гузошта шудааст.
ОН НАВОР ИНҶОСТ:
Айёмиддини Фахриддин бо ин ки қории мураттаби Қуръон аст, вижагиҳои дигаре низ дорад. Ӯ тамоми саҳафоти Қуръонро бо матнҳояшон ҳифз кардааст ва ҳангоме аз вай пурсида шавад, ки дар фалон саҳифаи ин китоби муқаддас кадом оя ва кадом сура аст, бидуни мушкил ҷавоб медиҳад. Ва ё агар ояе гуфта шавад, бидуни ин ки ба кадом китобе назар андозад, рақами оя ва рақами саҳфаи Қуръонро номбар мекунад.