Сарозер шудани сабукрави тамғаи «Дэу Нексӣ» ба чуқурии 100 метр мунҷар ба марги як ноболиғи 5-сола гардид.
Тавре аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, сарнишини нақиёти мазкур Бахтиёр Гурезови 26- сола аснои ҳаракат аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе дар километри 76-уми роҳ, дар деҳаи Себистони Данғара аз сабаби ях будани роҳ идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, автомашинаро ба чуқурии 100 метр чаппа мекунад. Дар натиҷа, мусофири ноболиғ Анушер Қурбонови 5- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар макони ҳодиса қурбон мешавад. Мусофирони дигар, Лутфия Калоноваи 27- сола ва Ғариб Қурбонови 2-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, дар пайи он 1 нафар ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.