Озодии матбуот-2017: Тоҷикистон мақоми 149 гирифт
Созмони Хабарнигорони бидуни марз бо нашри гузориши ҷаддид дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 149-ум қарор додааст. Дар раддабандии соли гузашта Тоҷикистон якбора 34 зина поин рафта, дар мақоми 150 ҷой гирифта буд. Кишвари мо аз рӯи озодии матбуот дар соли 2016 дар мақоми 116 ва соли 2014 дар мақоми 115-ум қарор дошт.
Созмони Хабарнигорони бидуни марз таъкид намудаст, ки озодии матбуот дар ҷаҳон махсусан, дар кишварҳои авторитарӣ зери фишори бесобиқа қарор дорад. Ин созмон инчунин аз Доналд Трамп, раисиҷумҳури феълии Амрико интиқод кардааст, ки бархилофи анъанаҳои ҳифзи озодии матбуот дар ин кишвар алайҳи расонаҳо изҳорот додааст.
Гузоришгарон дар раддабандии ҷадиди озодии баён Арманистонро дар мақоми 79, Молдова-80, Қирғизистон-89, Русия-148, Қазоқистон-157, Белорусия-163 ва Узбакистонро дар мақоми 169-ум ҷой додаанд.
Матбуоти озодтарини дунё дар Норвегия, Шветсия ва Финландия эътироф шудааст. Чин, Сурия, Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ дар охири раддабандӣ ҷой гирифтаанд.